густохӣ — [گستاخي] 1. бетакаллуфӣ, беадабӣ, бешармӣ 2. бебокӣ, ҷасорат; густохӣ кардан беибо рафтор кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
хирагӣ — [خيرگي] 1. тирагӣ, торӣ, камнурӣ: хирагии чашм 2. густохӣ, бешармӣ, хархаша, безоригӣ; хирагӣ кардан густохӣ кардан, безор кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баттол — [بطّال] а 1. кит. бекор, танбал 2. кит. дурӯғгӯй, ботилгуфтор 3. маккор, ҳилагар 4. бадкирдор, беодоб, авбош, густох: деви баттол, душмани баттол … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беадаб — (беодоб) [بي ادب // ب ي آداب] тарбиятнодида, бадахлоқ, густох … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беадабӣ — (беодобӣ) [بي ادبي // ب ي آدابي] густохӣ, дағалӣ: беадабӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беандеша — [بي انديشه] 1. бемулоҳиза, ғайримулоҳизакор, кӯтоҳандеш; кӯтоҳназар, камақл 2. он ки рӯихотирро намедонад, берӯихотир, густох 3. бемулоҳизакорона, беақлона: кори беандеша … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бебок — [بي باک] 1. нотарс, боҷуръат; ҷасур, далер; беибо, густох 2. ниг. бебокона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бебокӣ — [بي باکي] нотарсӣ; ҷуръатнокӣ, ҷасурӣ, далерӣ; густохӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беозарм — [بي آزرم] кит. густох, бешарм, беҳаё … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беозармӣ — [بي آزرمي] кит. бешармӣ, беҳаёӣ, густохӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ